Ошкор намудани 1325 ҷинояти коррупсионӣ
Душанбе, 31.01.2014. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Аз ҷониби воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаригардида 1325 адад ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ба андоз алоқаманд ошкор карда шуд.
Тавре ки маркази матбуоти агентии мазкур хабар медиҳад, аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоргардида 302 -тои онҳоро ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин ташкил медиҳанд.
Кормандони агентӣ дар ин давра 941 ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқамандро ошкор карданд. Дар натиҷа ба маблағи умумии 774 ҳазору 940 сомонӣ ҷарима татбиқ шуда, аз ин маблағ то давраи ҳисоботӣ 734 ҳазору 660 сомонии он рӯёнида шуд. Ҳамчунин агентӣ ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхона ва муассисаҳои дахлдор оид ба бартараф намудани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда 833 пешниҳод фиристода, ба шахсони мансабдор 4003 дастури хаттӣ, аз ҷумла 19 дастур оид ба хизмати якҷояи хешовандони наздик дода шуд. Дар натиҷаи баррасии ин санадҳои эътиноии агентӣ 1950 нафар шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуда, 116 нафари онҳо аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






