Ошкоркунии зиёда аз 10 ҳазор ҳолати вайронкунии қонуни замин
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз бо иштироки раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокиров баргузор гардид, зикр шуд, ки соли сипаригардида аз ҷониби мақомоти заминсозии кишвар 10 ҳазору 566 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор шуда, нисбат ба 8 ҳазору 622 ҳолат дастур, 6 ҳазору 895 ҳолат протокол ва 6 ҳазору 913 ҳолат қарорҳои ҷаримабандӣ қабул шуда, ба маблағи 2 миллиону 429 ҳазору 959 сомонӣ ҷарима баста шудааст, ки аз ин шумора 1 миллиону 848 ҳазору 94 сомонӣ ба суратҳисоби Кумитаи заминсозӣ ворид шудааст. Барои чораҷӯӣ 614 мавод ба прокуратура, 1 ҳазору 29 мавод барои ба таври маҷбурӣ ситонидани маблағи ҷарима ба судҳо ирсол гардида, 7 ҳазору 267 ҳолати вайронкунии қонуни замин дар маҳалҳо бартараф шудааст.








ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд






