Озод намудани 7 нафар хизматчии давлатӣ аз вазифаҳои ишғолнамуда
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар» Муқаддас Кушакова).- Соли 2013-ум 3 ҳазору 362 нафар хизматчии давлатӣ ба аттестатсия фаро гирифта шуданд, ки 561 нафари онҳоро занон ташкил медоданд. Ин нуқтаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Гурез Қосимов ба хабарнигорон иттилоъ дод. Вай афзуд, ки тибқи хулосаи комиссияҳои аттестатсионӣ аз шумораи мазкур 3 ҳазору 186 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ гардида, 176 нафар хизматчиёни давлатӣ ба мансабашон номувофиқ баҳогузорӣ шуданд. Аз ин шумора 150 нафар барои фарогирӣ ба такмили ихтисос, 11 нафар ба азнавтайёркунии касбӣ, 15 нафар барои таъин ба мансаби пасттар ва 7 нафар хизматчиёни давлатӣ аз мансаби ишғолнамуда озод шуданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






