Панҷ бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳад шуд
Душанбе, 28 январ (АМИТ «Ховар»).- 28 январи соли 2014 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими имзои санадҳои марбут ба Лоиҳаи “Бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолии ноҳияи Панҷ”-и вилояти Хатлон дар чаҳорчӯби кумакҳои бебозгашти Япония баргузор гардид.
Дар ин робита вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва Сафири Япония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳироюки Имаҳаши аз номи ҳукуматҳои ду кишвар дар мавриди лоиҳаи мазкур табодули ёддоштҳоро анҷом доданд.
Ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва роҳбари Намояндагии Агентии Япония оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Казуя Суэта Созишномаи эҳдоиро дар бораи татбиқи лоиҳаи мазкур ба имзо расонданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






