Пешгӯии ҳавосанҷони Тоҷикистон

Январь 17, 2014 16:08

Душанбе, 17 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Ҳавосанҷони Тоҷикистон барои ҳафтаи наздиктарин ҳавои серборону рутубатро пешгӯӣ мекунанд. Тавре ки аз Муассисаи давлатии ҳавосанҷии ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аз 21 январ дар ҷумҳурӣ обу ҳавои ноустувор дар назар аст. Аз рӯзи сешанбе то охири ҳафтаи оянда ҳарорати ҳаво 3 – 5 дараҷа паст шуда, боронгарӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 2 – 4 дараҷа ва рӯзона 8 – 11 дараҷа гарм мешавад. Мувофиқи маълумоти манбаъ, баъди ин то охири моҳи январ боришоти зиёд дар назар нест.Ба гуфтаи ҳавошиносон, ҳавои моҳи феврал назар ба муқаррарӣ 1 – 2 дараҷа гармтар мешавад. 

Январь 17, 2014 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш