Пешниҳоди Шувалов: «Ҷаласаи 13-ум низ имсол баргузор шавад»
Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- Ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, бо баимзорасии қарордоди муштараки ҳамкории дуҷониба ба охир расид. Қарордодро аз ҷониби Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва аз ҷониби Русия ноиби Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шувалов ба имзо расониданд. Дар охири ҷаласа Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ноиби Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шувалов, ки роҳбарии ҳайатҳои ду кишварро ба зимма доштанд, аз кори ҷаласа натиҷагирӣ карданд. Дар ниҳоят бо пешниҳоди роҳбари ҳайати Русия Игор Шувалов ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҷиҳати таҳкими бештари равобити иқтисодиву тиҷоратии миёни ду кишвар ҷаласаи 13-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар охири соли ҷорӣ дар Русия баргузор гардад. Пас аз расми баимзорасии қарордоди муштарак роҳбарони ҳайатҳо дар ҷамъи намояндагони васоити ахбори омма изҳорот доданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






