ПСС ҳам ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирон расидагӣ мекунад

Январь 16, 2014 16:20

Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар», Манижа Баҳромзода). — Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯли фаъолияти яксолаи худ ба давлатҳои зиёди дунё муроҷиатнома дар масъалаҳои гуногун ирсол намудааст. Ин нуқтаро Шариф Саид, раиси ин ниҳод зимни нишасти матбуотӣ 16 январ гуфт.Вай зикр намуд, ки дар ин давра аз ҷумла беш аз 100 муроҷиатнома ба шаҳру вилоятҳои Русия, 25 муроҷиатнома ба Украина, инчунин ба ИМА, Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Қазоқистон ирсол гардид. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар муроҷиатнома ба Федератсияи Русия зикр шудааст ин нақши ҳокимияти иҷроияи давлатӣ барои ҳалли мушкилоти муҳоҷират дар Русия буд. Шариф Саид тазаккур дод, ки ПСС масъалаи таъмини муҳоҷирин бо ҷои корро, бахусус дар давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта, ки тавононд бо музди меҳнати мувофиқ таъмин намояд, мунтазам пайгирӣ мекунад.

Январь 16, 2014 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш