Ричард Ҷонс — намояндаи нав ва доимии БАТР дар Тоҷикистон
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар»).- Дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мудири Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба Осиёи Марказӣ Масару Хонма маҷмӯи масоили вобаста ба ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин ниҳоди муътабари молиявӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Баъд аз мулоқот бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мудири Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Осиёи Марказӣ Масару Хонма, ки бо мақсади муаррифии намояндаи нав ва доимии бонк ба Тоҷикистон омадааст, дар суҳбат бо хабарнигорон натиҷаҳои дидору гуфтугӯ бо Президенти мамлакатро судманду созанда хонда, афзуд, ки: «Мо аснои мулоқот ҷиҳати таҳким ва тавсеаи доираи ҳамкориҳо муҳокимаронӣ кардем».
Хонма афзуд, дар партави тавсияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ду маротиба афзун намудани ҳаҷми маблағгузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба рушди кишвар кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Ричард Ҷонс, намояндаи нави доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон дар навбати худ гуфт: «Баҳои Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳи ҳамкориҳои Тоҷикистону Бонки аврупоии таҷдид ва рушд маро ба тавсеи минбаъдаи он ҳавасманд намуд».
Қаблан Улф Ҳинстран ҳамчун намояндаи доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон ифои вазифа мекард.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки имсол намояндагии бонк аз рўи стратегияи нав ҳамкориҳои худро бо Тоҷикистон ба роҳ мемонад.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






