Риояи қонуни андоз- вазифаи ҳар шаҳрванд

Январь 28, 2014 13:58

 
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз бо иштироки раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатов ва муовинони он баргузор гардид, зикр шуд, ки соли сипаригардида дар асоси муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз тарафи мақомоти андози ҷумҳурӣ 18 ҳазору 17 адад андозсупоранда ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд. Тибқи иттилоъ, нисбат ба ин нафарон 53,9 млн. сомонӣ ҷаримаи маъмурӣ татбиқ шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 25,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
   Ҳамчунин дар ҷавоб ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» сардори Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси кумита Бобоҷон Бобоев гуфт, ки соли гузашта бо вуҷуди пешравиҳо дар кори онҳо камбудиҳо низ ҷой доштанд. Масалан, баъзе аз кормандони соҳаи андоз ба қонуншиканиҳо даст заданд. Аз ҷумла, 29 нафар корманди ҳамин соҳа ба ҳар гуна қонуншиканӣ роҳ дод, ки 8 нафари он бо ҳукми суд ҷазо гирифт.
  Бо Фармони раиси кумита барои кофӣ набудани савияи дониш 38 нафар корманд ба мансаби паст таъйин гардида ва 24 нафар аз вазифа озод шуд. 
 
 
 
 

Январь 28, 2014 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш