Рушди шоҳмот дар Шуғнон
Шуғнон, 11 январ. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар мактаби варзишии ноҳияи Шуғнон ба ёдбуди шоҳмотбози маъруфи вилоят Карамшо Маъсумов мусобиқаи варзишӣ баргузор шуд. Карамшо Маъсумов аз истеъдодҳои барҷастаи риштаи шоҳмот дар миқёси вилоят ва ҷумҳурӣ буда, ҳамчун симои шинохтаи ин намуди варзиш эътироф шудааст. Вай на фақат дар мусобиқоти ҷумҳуриявӣ ба дастовардҳои шоиста ноил гардидааст, балки шарафи вилоят ва ҷумҳуриро дар мусобиқаҳои собиқ ҷамоҳири шӯравӣ муваффақона ҳимоя кардааст. Дар ин мусобиқа дар баробари шоҳмотбозони наврас, ҷавонони деҳоти атроф низ ширкат варзиданд. Устоди варзиши чумҳурӣ Олуча Ҷумъаев- мураббии мактаби варзишӣ изҳор дошт, ки мусобиқаҳо на танҳо ба сайқал додани маҳорати варзишии иштирокдорони он кумак мекунанд, балки насли наврас ва ҷавонро дар руҳияи ватандустӣ ва шавқу рағбат ба варзиш тарбия менамоянд. Бо дастгирии ширкати барқи «Помирэнерҷи» ба роҳ мондани дарсҳои шоҳмот дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ шавқу рағбати кӯдакону наврасонро ба ин намуди варзиш боз ҳам зиёд намуд. Бандалӣ Абдуалиев-муовини сарвари мактаби варзиши ноҳияи Шуғнон аз дастовардҳои варзишгарони ноҳия дар солҳои охир ёдовар шуда, гуфт, ки дар соли 2013 шоҳмотбозони мактаби варзишӣ танҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ 11 медалро соҳиб гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






