Сӯхтор дар бозори «Саховат»-и Кӯлоб

Январь 13, 2014 10:03

Душанбе, 13 январ. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). — Шаби 12 январи соли равон, тақрибан соатҳои 12-00 дар бозори марказии «Саховат»-и шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон сӯхтор ба амал омад.  Тавре ки аз Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати Корҳои Дохилии ҶТ хабар доданд, ба ҷои ҳодиса 16 мошини оташнишонӣ равона шуда, наздики субҳ оташ пурра хомӯш гардид. Тибқи маълумотҳои пешакӣ бештари нуқтаҳои савдо пурра сӯхтаанд. Дар айни ҳол дар ҷои воқеа мутахассисони соҳа кор бурда истодаанд. Пас аз тадқиқот сабаби сӯхтор ва зарари расонидаи он муайян хоҳад гардид.

Январь 13, 2014 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш