С. Хайриддинов: «Ҳанӯз камбудиҳо зиёданд»
Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар» Муқаддас Кушакова).- Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз бо иштироки директори КВД «Тоҷикагролизинг» Саидмурод Хайриддинов ва муовинони он баргузор гардид, зикр шуд, ки соли сипаригардида аз ҳисоби амалиёти лизингӣ 15 млн. 340 ҳазору 800 сомонӣ, подошҳои лизингӣ 2 млн. 36 ҳазору 400 сомонӣ, Марказҳои хизматрасонии техникӣ 1 млн. 368 ҳазору 475 сомонӣ, ҷамъ 18 млн. 745 ҳазору 675 сомонӣ маблағ ба корхона ворид гардид. Бояд гуфт, ки ин шумора нисбат ба соли қаблӣ хеле зиёд мебошад.
Директори «Тоҷикагролизинг» ҳамчунин афзуд, ки аз ҳисоби фаъолияти хоҷагидорӣ 101 адад трактор, 2 адад комбайинҳои ғалладарав, 106 адад таҷҳизот ба маблағи 13 миллиону 853 ҳазору 685 сомонӣ, ғайр аз ин бо 16 млн. 140 ҳазору 585 сомонӣ маблағи ҷудо намудаи Фонди шарикӣ техникву таҷҳизоти кишоварзӣ харида шуд.
Ногуфта намонад, ки дар ин давра корхона инчунин, ба 138 хоҷагии деҳқонию фермерии шаҳру ноҳияҳоро аз тариқи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизингӣ) ба маблағи 15 млн. 893 ҳазору 785 сомонӣ бо воситаҳои техникӣ таъмин намуд, ки ин шумора назар ба соли пеш зиёд аст.
Ба иттилои Саидмурод Хайриддинов барои беҳдошти сатҳи зиндагии кишоварзон ҳанӯз камбудиҳо зиёданд. Бинобар ин онҳо бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як силсила давлатҳои хориҷӣ ҳамкориро ба роҳ монда, кӯшиш менамоянд, ки ҳарчи тезтар ин масъала роҳи ҳалли худро ёбад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






