Сабаби аз гардиши кишоварзӣ берун мондани замин чист?
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- Дар соли 2013 дар ҷумҳурӣ аз 749, 6 ҳазор га замини обӣ бо сабаби аз кор баромадани шабакаҳои обёрии байнихоҷагӣ ва дохилихоҷагӣ 8,500 га замин аз гардиши кишоварзӣ берун монд. Дар ин бора раиси Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Ҳасанов 28 январ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Номбурда зикр намуд, ки бо сабаби фаъолият накардани пойгоҳҳои обкашӣ, ки тавассути онҳо бояд 20 ҳазору 906 га замин обёрӣ шавад, 56 ҳазор га замин аз истифодаи кишоварзӣ берун монд.
«Сабаби асосии ин вазъият куҳнаву фарсуда гаштани иншооти обёрӣ, заҳбуру заҳкашҳо ва пойгоҳҳои обкашӣ мебошад. Имрӯзҳо фаъолияти кормандони соҳа ба омодасозии шабакаҳои обёрӣ ба мавсими обдиҳӣ равона гардида, дар ин самт корҳо тибқи нақша ҷараён доранд ва дар муҳлати мақарраргардида анҷом дода мешаванд», — тазаккур дод Ҳ. Ҳасанов.
Мавриди зикр аст, ки дар соли 2013 сохторҳои соҳаи мазкур бо 18 ҳазору 872 хоҷагӣ дар майдони 553 ҳазору 928 гектар замин барои хизмати обрасонӣ шартнома баста шуда, бо арзиши 71,1 млн. сомонӣ ба истифодабарандагон об додаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






