Сафари ҳайати ҳукуматӣ ба Бишкек

Январь 30, 2014 12:58

Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар»).-Ҳайати ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини сарвазир Муродалӣ Алимардон барои иштирок дар ҷаласаи корӣ ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар кард.Ба ҳайати Тоҷикистон як қатор аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла роҳбарони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва ҳамчунин Ёрдамчии Президенти кишвар доир ба масоили амнияти миллӣ ворид шудаанд.Зимни мулоқот ҷонибҳо масоили умдаи муносиботи дуҷониба ва роҳҳои коҳиш додани шиддат дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ мекунанд.

Январь 30, 2014 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш