Сармояи умумии «Амонатбонк» 15,5 фоиз афзуд
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» дар айни замон ба зиёда аз 6 ҳазор адад муассисаҳои соҳаи буҷавӣ, 11 ҳазор адад корхонаҳои ғайрибуҷавӣ, 629 ҳазор нафақагирони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, 472 ҳазор амонатгузор тавассути 507 адад маркази хизматрасонӣ, 75 филиал бо теъдоди 2 617 нафар корманд хизмат мерасонад, -таъкид намуд раиси раёсати бонк Ҷамшед Норинов 22 январ дар нишасти матбуотӣ. Аз рӯи ҷамъбасти фаъолияти соли 2013 бонк дар бозори хизматрасониҳои бонкии ҷумҳурӣ мавқеи муайянеро ишғол намуд. Дороиҳои Ббнк то санаи 31 декабри соли 2013 -1,3 миллиард сомониро ташкил дод. «Дар маҷмуъ сармояи умумии бонк дар ин давра 188 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2012 — 15, 3 фоиз афзун гардидааст»,- иттилоъ дод Ҷамшед Норинов.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






