Сармураббии нави клуби футболи «Истиқлол»
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар»).- Мубин Эргашев, ки соли гузашта роҳбари дастаи футболи «Хуҷанд» буд, ба ҳайси сармураббии нави клуби футболи «Истиқлол» таъйин гардид. Мубин Эргашев 6 октябри соли 1973 таваллуд шудааст. Дастпарвари мактаби кӯдакону наврасони ноҳияи Рӯдакӣ мебошад. Номбурда унвони мураббии шоистаи Тоҷикистонро дорад. Мактаби олии мураббиҳои бахши футболро дар шаҳри Маскав хатм кардааст. Солҳои 2009, 2010 ва 2011 унвони қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футболро ба даст оварда буд. Ба ҳайси сармураббӣ ва ёвари сармураббӣ дар дастаҳои ЦСКА «Помир», «Гвардия», «Вахш», «Хуҷанд» кор кардааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






