Сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфтааст

Январь 27, 2014 09:48

Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).- Сатҳи камбизоатӣ аз 38, 0 фоизи соли 2012 то 35, 6 фоиз дар соли 2013 коҳиш ёфтааст, ки сабаби ин болоравии сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Ин нукта дар нишасти матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид. Тибқи маълумоти мудири шуъбаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Алишер Ёрбобоев аз соли 1997 то аввали соли 2013 музди меҳнати миёнаи аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 80 маротиба афзуда, дар соли сипаригашта даромадҳои пулии аҳолӣ 16,8 фоиз, амонатҳои аҳолӣ 26,8 фоиз ва музди миёнаи меҳнат 26,7 фоиз афзуда, моҳи октябри соли 2013 зиёда аз 750 сомониро ташкил додаанд. Даромади пулии аҳолӣ дар моҳҳои январ-ноябри соли 2013 аз рӯи маълумотҳои пешакӣ 21 миллиарду 182,8 миллион сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2012 бо нархҳои амалӣ 18,0 фоиз афзудааст.

Январь 27, 2014 09:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад