Сатҳи таваррум муътадил аст

Январь 28, 2014 09:39

Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова).-   Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи таваррум дар моҳи декабри соли 2013 чун моҳҳои қаблӣ муътадил ва устувор буд. Аз ҷумла, дар давраи январ-декабри соли гузашта сатҳи таваррум 3,7 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 2,7 банди фоизӣ кам мебошад. 
     Нишондиҳандаи номбурда дар моҳи октябр ба 0,3 фоиз баробар шуд. 
     Тавре ки аз хадамоти матбуоти  Бонки миллии Тоҷикистон  хабар доданд, 10 январи соли 2014 бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвил ба андозаи 0,7 банди фоизӣ паст ва дар сатҳи 4,8 фоизи солона муқаррар гардид. 

Январь 28, 2014 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш