Семинари ҷумҳуриявии осорхонаҳои мактабӣ
Душанбе, 10 декабр. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).- Дирӯз дар Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар мавзӯи «Вазъият ва мушкилот» семинари ҷумҳуриявии осорхонаҳои мактабӣ баргузор гардид. Семинарро президенти Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Ирина Каримова ифтитоҳ намуд.Дар семинар маърӯзаи мудири Осорхонаи маориф Саодат Фатҳуллоева дар мавзӯи «Нақши осорхонаи маориф дар таъсиси осорхонаи мактабӣ» шунида шуд. Инчунин дар мавзӯи «Худфаъолиятии мактаббачагон дар кори осорхона» маърӯзаи Майрамбӣ Қурбонова, муовини директори Маркази таҳсилоти иловагии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, маърӯзаи Адолат Назарова мудири осорхонаи мактаби №82 ноҳияи Сино — дар мавзӯи «Нақши осорхонаи мактабӣ дар тарбияи насли наврас», маърӯзаи Зебуниссо Қудбиддинова, мудири осорхонаи мактаби №54 н.Сино- дар мавзӯи «Истифодаи нигораҳои осорхона дар раванди таълим», Мунаввара Ҳомидова мудири осорхонаи мактаби №6 ноҳияи Ҳисор дар мавзӯи «Меъёрҳои нави ҷо ба ҷогузории нигораҳо дар осорхона», маърӯзаи Қурбоналӣ Гадоев, ходими илмии Осорхонаи маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикитстон дар мавзӯи «Вазъи осорхонаҳои мактабӣ дар ноҳияҳо ва роҳҳои такмили он» шунида шуда, нисбат ба маърӯзаҳои иштирокчиёни семинар аз ноҳияҳои Тоҷикобод, Нуробод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Румӣ, Конибодом, Файзобод, Қумсангир, Восеъ фикру андешаашонро баён намудаанд.Мақсади семинари осорхонаҳои мактабӣ дар он аст, ки осорхонаҳои мактабӣ аз фаъолият бозмонда истодаанд, чунки осорхонаҳои мактабӣ на аз ҳисоби шуъбаи марифи ноҳия ва на аз ҳисоби ҳокимияти маҳаллӣ маблағгузорӣ намешаванд.Он нигораю амсилаҳое, ки аз таърихи гузаштаи чандин ҳазор солаи бойи мо дарак медиҳанд, ҷои асосии худро намеёбанд. Яъне, барои онҳо шароити мусоид фароҳам оварда нашудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






