Шикояти 624 шаҳрванд ба Р. Раҳимов
Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Дар соли 2013 ба телефони «Боварӣ»-и вазири корҳои дохилӣ (ВКД) 624 муроҷиати шаҳрвандони кишвар ворид гардидааст, ки ҳамаи он бо супориши Вазир Рамазон Раҳимов аз ҷониби бахшҳои дахлдори Вазорат мавриди тафтишу баррасӣ қарор дода шуда, ба шаҳрвандон ҷавобҳои хаттӣ ирсол шудаанд.Тавре ки дар ин бора сомонаи вазорати мазкур хабар медиҳад, аз шумораи умумии муроҷиатҳои воридгардида 163 хабар ба самти кории Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ (РВКД) дар шаҳри Душанбе, 44 хабар ба самти кории Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, 69 хабар ба самти кории Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва дигар хабарҳо ба минтақаҳои гуногуни кишвар дахл доранд. Муроҷиати шаҳрвандон перомуни самтҳои гуногун буда, дар баробари тақозои ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳуқуқии рӯзгор, инчунин аз фаъолияти ғайриқаноатбахши баъзе аз кормандони милитсия низ шикоят намудаанд.Ёдрас мешавем, ки телефони боварии вазири корҳои дохилӣ 2 сол пеш таъсис ёфта, ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамояд, ҳар нафар метавонад бевосита бо он занг зада, оид ба ҳама гуна қонуншиканӣ, ба хусус ҷиноятҳои вазнин арзу шикояти худро пешниҳод намояд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






