Шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ меафзояд
Душанбе, 21 январ. (АМИТ «Ховар» Муқаддас Кушакова).- «Мутобиқи ҳисоботи солонаи замин майдони умумии заминҳо дар ҷумҳурӣ 14 миллиону 255 ҳазору 397 гектар буда, аз ин шумора 749 ҳазору 656 гектарро заминҳои корами обӣ ташкил медиҳад»,-изҳор дошт Маҳмадтоҳир Зокиров, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон. Вай ҳамзамон афзуд, ки кумита бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба дигаргунсозии муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ, аз ҷумла ислоҳоти замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баҳри амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба аз навташкилдиҳӣ ва ислоҳоти ташкилотҳои кишоварзӣ» то ин давра зиёда аз 127 ҳазору 877 хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ) ташкил гардида, бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин таъмин шуданд. Аз шумораи мазкур 23 ҳазору 333 хоҷагии деҳқонӣ дар соли сипаригардида ташкил шуд. Бояд зикр кард, ки афзудани хоҷагиҳои деҳқонии кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум ва афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат менамояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






