Содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар

Январь 24, 2014 14:06

Душанбе, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова).- Дар нишасти матбуотие, ки имрӯз дар Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ баргузор гардид, роҳбари ин вазорат Қосим Қосимов иброз дошт, ки тибқи маълумотҳои оморӣ дар соли сипаригардида ба хориҷи кишвар 122602 тонна сабзавот, 1268 тонна лӯбиё ва мош, 741 тонна офтобпараст, 864 тонна биринҷ, 15069 тонна меваи тар, 87952 тонна меваи хушк, 124 тонна харбуза, тарбуз ва каду содирот шудааст. Гуфтан ба маврид аст, ки нишондодҳо ғайр аз лӯбиё нисбат ба солҳои қаблӣ аз 4,9 фоиз то 94,6 фоиз афзоиш ёфтаанд.

Январь 24, 2014 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш