Соли 2013 ҳаҷми МММ 40,5 млрд сомониро ташкил дод
Душанбе, 15 январ. (АМИТ “Ховар”). – “Соли 2013 дар натиҷаи амалисозии барномаҳои рушди иқтисодӣ ва чорабиниҳои пешбинишуда нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ тадриҷан афзоиш ёфта, ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ (ММД) беш аз 40,5 миллиард сомониро ташкил дод, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2012-ум 7,4 фоиз зиёд мебошад”, — гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 15 январ дар маҷлиси ҷамъбастии Ҳукумат. Вай афзуд, ки дар ин муддат сатҳи таваррум паст гардида, ба 3,7 фоиз баробар шуд, ки дар натиҷа устувории қурби асъори миллӣ таъмин гардида, нархҳо дар бозори истеъмолӣ дар ҳолати муътадил қарор доштанд. Ҳамзамон бо ин, нақшаи пешбинишудаи буҷети давлатӣ дар соли 2013 пурра таъмин шуда, ин омил ба пурраву сари вақт маблағгузорӣ шудани бахши иҷтимоӣ, аз ҷумла пардохти саривақтии маошу нафақа мусоидат намуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






