Соли 2013 «Тоҷик Эйр» мусофирбариро коҳиш дод

Январь 28, 2014 12:11

Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих).-  Соли  2013 Ҷамъияти  саҳҳомии  шакли  кушодаи «Тоҷик  Эйр» 2011  парвози  дуҷонибаро  анҷом  дод, ки  назар ба  соли  2012 баробари  541   парвоз   камтар  аст.  Директори Ҷамъияти  саҳҳомии  шакли  кушодаи «Тоҷик  Эйр» Фирӯз  Ҳамроев  дар  нишасти  матбуотӣ дар  ин  бора  хабар дод.
 
Мувофиқи  суханони  мавсуф,  дар  давраи  ҳисобот беш  аз  367  ҳазор  нафар  мусофирон  аз  хидмати «Тоҷик  Эйр»  бархурдор  шуданд. 
 
Ширкати  мазкур  дар  самтҳои байналмилалӣ  ба 343  ҳазору 200  нафар  мусофирон  хидмат расонидааст, ки  ин   назар  ба  соли  2012  баробари  1,1  фоиз  зиёд  аст. 
 
Дар  парвозҳои  дохилӣ  ҳаҷми   мусофирбарӣ 67,5  фоиз  коҳиш  ёфта, ҷамъ ба 24  ҳазору  600  нафар мусофирон  хидмат расонида шудааст. Назар ба  гуфтаи  Фирӯз  Ҳамроев,  коҳишёбии   мусофирбарӣ дар  самтҳои дохилӣ аз  ҳисоби  кам  шудани  парвози  ҳавопаймоҳо  аз шаҳри  Душанбе ба  шаҳри  Хуҷанд  сурат  гирифтааст. 
 

Январь 28, 2014 12:11

Хабарҳои дигари ин бахш