Супориши Э. Раҳмон ба таъмини аҳолӣ бо неруи барқ

Январь 17, 2014 09:14

Душанбе, 16 январ. (АМИТ «Ховар Муқаддас Кушакова).- Дар ҷараёни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки ҷиҳати ҳарчи беҳтар таъмин намудани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо неруи барқ дар соли 2013 тибқи нақша 8 неругоҳи хурди барқи обӣ бунёд карда шуд ва имрӯз дар маҷмӯъ шумораи онҳо ба 310 расид. «Вале бояд гуфт, ки тибқи маълумот 108 неругоҳи зикршуда мавсимӣ мебошад ё умуман фаъолият намекунад. Дар баробари ин, соли гузашта талафоти неруи барқ 2,5 миллиард киловатт — соатро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли 2012-ум 92 миллион киловатт — соат зиёд мебошад», — изҳори нигаронӣ намуд Сарвари давлат.Бо назардошти ин, Эмомалӣ Раҳмон тазаккур дод, ки Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ширкати «Барқи Тоҷик»-ро зарур аст, ки камбудиву норасоиҳои ҷойдоштаро ҳарчи зудтар бартараф намуда, ҷиҳати таъмини талаботи иқтисоди миллӣ ва сокинони кишвар бо неруи барқ тадбирҳои иловагиро амалӣ намоянд.

Январь 17, 2014 09:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Байни Академияи сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Донишгоҳи Тартуи Эстония Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст