Тӯҳфа ба Бунёди осиёии таҳсилот
Душанбе, 2 январ. (АМИТ «Ховар»).- Дар арафаи Соли Нав дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶМЧ маросими супурдани китобҳо ба Бунёди осиёии таҳсилот баргузор гардид. «Маҷмӯи китобҳои тақдимшуда 100 ададро ташкил медиҳад, ки китоби ба забони чинӣ тарҷумашудаи Президент Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар байни онҳо мақоми хоса дорад», — гуфт сафири ҶТ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Р.Олимов дар маросими ботантана, ки 31 декабр баргузор шуд.«Китобҳои тақдимшуда тӯҳфаи маънавии Тоҷикистон ба ҳамаи илму маърифатанд. Онҳо ба мардуми Чин кӯмак мекунанд, ки бо таърихи ғании тоҷикон ва ҳаёти имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз давраҳои Роҳи бузурги абрешим бо Ҷумҳурии Мардумии Чин робитаҳои зичи тиҷоратию фарҳангӣ доранд, шинос шаванд», — гуфт Р.Олимов.Тоҷикистон дар фазои минтақаю ҷаҳон мақоми фаъолро касб намуда, ҷузви роҳи навташкили абрешим ба шумор рафта, соли 2014 ҳамоиши Созмони Ҳамкории Шанхайро мепазирад. Бунёди осиёии таҳсилот ибтикори таъмини идрорпулӣ барои ҷавонписарону духтарони тоҷик ба манзури омӯхтани забони чинӣ ва давом додани таҳсилот дар Ҷумҳурии Мардумии Чинро бо камоли қаноатмандӣ идома медиҳад», — гуфт Дабири кулли Бунёди осиёии таҳсилот Яо Ван.Бунёди осиёии таҳсилот бо ибтикори Шӯрои оид ба идрорпулии Чин бо иштироки ЮНЕСКО ва Вазорати маорифи ҶМЧ барои дастгирии муколама перомуни таҳсилоти олӣ ва мадад ба ҷавонони боистеъдоде, ки хоҳиши дар Ҷумҳурии Мардумии Чин гирифтани таҳсилоти олиро доранд, таъсис ёфтааст.Дар ин бора аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҶМЧ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






