Тағйири ҷадвали парвозҳо дар фурудгоҳи Душанбе

Январь 14, 2014 09:36

Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бинобар фаромадани тумани зич дар ҷадвали парвозҳои фурудгоҳи Душанбе тағйирот ворид гардид. Котиби матбуоти «Фурудгоҳи байнамилалии Душанбе» Маҳмадюсуф Шодиев хабар дод, ки аз соати 19.00 санаи 13 январ фазои фурудгоҳи Душанберо тумани зич фаро гирифта, боиси ворид намудани тағирот дар ҷадвали парвозҳо гардид. Ҳарчанд фурудгоҳи Душанбе барои қабул ва гусели ҳавопаймоҳо пурра омода аст, аммо нишастани ҳавопаймоҳо бо қарори сарнишинони ҳавопаймоҳо сурат мегирад. Ҳавопаймоҳое, ки шабона бояд дар фурудгоҳи Душанбе менишастанд, бинобар мутобиқ набудани меъёри биниш дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Тошканд нишастанд. Аз ҷумла, рейсҳои №2879, хатсайри Санкт-Петербург-Душанбе, №2923, хатсайри Перм-Душанбе, №803, хатсайри Москва (Внуково)-Душанбе, №106, хатсайри Дубай-Душанбе, № 628, хатсайри Москва (Домодедово)-Душанбе, № 4804, хатсайри Сочи-Душанбе дар фурудгоҳи Хуҷанд нишастанд. Рейси №885, хатсайри Санкт-Петербург-Душанбе ҳоло дар фурудгоҳи Тошканд (Ӯзбекистон) қарор дорад. Рейсҳои №2957, хатсайри Екатеринбург-Душанбе ва №753 хатсайри Краснодар-Душанбе то ҳол аз фурудгоҳҳои худ парвоз накардаанд. Рейси 738, хатсайри Душанбе-Красноярск, ки бояд соати 21:30 рўзи гузашта парвоз мекард, мусоид шудани ҳаворо дар фурудгоҳи Душанбе интизор аст.Бино ба иттилои ҳавосанҷҳо тумани ғафс дар фазои фурудгоҳи Душанбе эҳтимол то соатҳои 10-11 боқӣ монад. Бо барканор рафтани туман қабул ва парвози ҳавопаймоҳо шурўъ хоҳанд шуд.

Январь 14, 2014 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад