Тағйири ҷадвали парвозҳо дар фурудгоҳи Душанбе
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бинобар фаромадани тумани зич дар ҷадвали парвозҳои фурудгоҳи Душанбе тағйирот ворид гардид. Котиби матбуоти «Фурудгоҳи байнамилалии Душанбе» Маҳмадюсуф Шодиев хабар дод, ки аз соати 19.00 санаи 13 январ фазои фурудгоҳи Душанберо тумани зич фаро гирифта, боиси ворид намудани тағирот дар ҷадвали парвозҳо гардид. Ҳарчанд фурудгоҳи Душанбе барои қабул ва гусели ҳавопаймоҳо пурра омода аст, аммо нишастани ҳавопаймоҳо бо қарори сарнишинони ҳавопаймоҳо сурат мегирад. Ҳавопаймоҳое, ки шабона бояд дар фурудгоҳи Душанбе менишастанд, бинобар мутобиқ набудани меъёри биниш дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Хуҷанд ва Тошканд нишастанд. Аз ҷумла, рейсҳои №2879, хатсайри Санкт-Петербург-Душанбе, №2923, хатсайри Перм-Душанбе, №803, хатсайри Москва (Внуково)-Душанбе, №106, хатсайри Дубай-Душанбе, № 628, хатсайри Москва (Домодедово)-Душанбе, № 4804, хатсайри Сочи-Душанбе дар фурудгоҳи Хуҷанд нишастанд. Рейси №885, хатсайри Санкт-Петербург-Душанбе ҳоло дар фурудгоҳи Тошканд (Ӯзбекистон) қарор дорад. Рейсҳои №2957, хатсайри Екатеринбург-Душанбе ва №753 хатсайри Краснодар-Душанбе то ҳол аз фурудгоҳҳои худ парвоз накардаанд. Рейси 738, хатсайри Душанбе-Красноярск, ки бояд соати 21:30 рўзи гузашта парвоз мекард, мусоид шудани ҳаворо дар фурудгоҳи Душанбе интизор аст.Бино ба иттилои ҳавосанҷҳо тумани ғафс дар фазои фурудгоҳи Душанбе эҳтимол то соатҳои 10-11 боқӣ монад. Бо барканор рафтани туман қабул ва парвози ҳавопаймоҳо шурўъ хоҳанд шуд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






