Тағйиру иловаҳо ба қонуни интихобот

Январь 7, 2014 08:23

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Кушакова ).-Имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон» Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Чумҳурии Тоҷикистон» баррасй шуд.Муҳаммадато Султонов, котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорй аз ҷониби раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорй ва ҳуқуқи инсон Маҳмадалй Ватанов барои муҳокима ба ҷаласаи навбатии Шӯро пешниҳод шудааст.Зикр гардид, ки лоиҳаи мазкур бо мақсади такмил ва бартараф намудани мухолифатҳои дохилии қонуни конститутсионии мазкур ва инчунин ҷиҳати иҷрои «Тавсияҳои нозирон аз дафтари ниҳодҳои демократй ва ҳуқуқи инсон, Созмони амният ва ҳамкорй дар Аврупо доир ба интихоботи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010» таҳия гардидааст.Дар лоиҳа, дар баробари бартараф намудани мухолифатҳо инчунин як силсила тағйироти ҷиддй пешниҳод гардидааст. Аз ҷумла, ташкили участкаҳои интихоботй дар хориҷи кишвар мушаххас гардида, роҳбарии ин участка ба зиммаи роҳбари намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа гузошта мешавад.Ҳамчунин мувофиқи ҳамин лоиҳа гарави интихоботй баробари 100 нишондиҳанда пешниҳод гардидааст.Бо назардошти таҷрибаи татбиқи қонуни мазкур зиёд намудани шумораи умумии номзадҳо, ки аз тарафи ҳизбҳои сиёсй мувофиқи рӯйхат пешниҳод мешаванд, то 45 фоиз миқдори умумии вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст. Оид ба пас гирифтани номзадй ба моддаи 36 тағйирот пешниҳод гардидааст, ки мувофиқи он номзад ҳуқуқ дорад дар муҳлати ҳафт шабонарӯз то интихобот номзадиашро пас гирад. Аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин лоиҳаи қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Созишнома оид ба маблағгузорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи баланд бардоштани рақобатнокии сохтори хусусиро баррасӣ карданд.

Январь 7, 2014 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд