Таҳкими робитаҳо миёни бонувони Суғду Бадахшон
Хоруғ, 24 январ. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Масъулини бахши кор бо занон ва оилаи шаҳри Хоруғ дар нишасти хабарӣ аз афзоиши талоқ дар миёни навхонадорон изҳори нигаронӣ намуданд. Дар соли гузашта 29 ҷуфт ақди никоҳи худро бекор намуд. Дар ҳоле ки як соли пеш 19 оила зиндагии муштараки худро қатъ намуданд. Яке аз иллатҳои аслии қатъи ақди никоҳ- ин ба зиндагии мустақилона омода набудани ҷавонон шумурда шуд. Мудири шуъбаи мазкур Гулдаста Орумбекова низ сабаби вайроншавии оилаҳоро ба бидуни омодагии қаблӣ барпо кардани ҳаёти муштарак рабт дода, гуфт, ки ба шӯроҳои занон зарур аст, ки минбаъд ба доир кардани тадбирҳои гуногун ҷиҳати таҳкими хонаводаҳои ҷавон таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Дар нишаст ҳамчунин гуфта шуд, ки чанде қабл гуруҳе аз занони фаъоли шаҳр бо мақсади омӯзиши фаъолияти Шӯрои занони вилояти Суғд ба ин вилоят сафар намуданд. Дар аснои сафар занону духтарони бадахшонӣ бо фаъолияти намояндагони Шӯрои занони ин вилоят аз наздик шинос шуданд ва ҳоло ният доранд аз таҷрибаи онҳо дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ истифода кунанд. Роҳбарони бахшҳои кор бо занон ва оилаи ду вилоят бо мақсади истифода аз таҷрибаи ҳамдигар тасмим гирифтанд дар оянда низ ҳамкориро идома диҳанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






