Таҳсили донишҷӯёни Тоҷикистон дар хориҷа
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Ба гуфтаи муовини аввали Вазири маориф ва илми ҶТ Раҳматулло Мирбобоев, фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар донишкадаҳои олии хориҷӣ барои таъмини иқтисодиёти ҷумҳурӣ бо мутахассисони лаёқатманд аҳамияти бузург дорад. Мувофиқи суханони номбурда, соли гузашта 2 ҳазору 460 нафар шаҳрвандони кишварамон ба донишкадаҳои олии Украина, Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Чин фиристода шуданд. Раҳматулло Мирбобоев ҳамчунин зикр намуд, ки алҳол дар донишкадаҳои олии Тоҷикистон 1569 нафар донишҷӯёни 25 кишвари хориҷи наздик ва дур таҳсил менамоянд. Мавсуф хабар дод, ки соли 2013 – ум 1222 нафар донишҷӯён бо квотаи Президенти ҶТ дар мактабҳои олӣ қабул шуданд, ки 629 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд. Қобили зикр аст, ки мувофиқи маълумоти Вазорати маориф ва илми ҶТ, алҳол дар донишкадаҳои олии кишвар дар баробари гуруҳҳои таълими забони тоҷиқӣ 36 гуруҳи академии таҳсилот ба забони англисӣ ва 500 гуруҳи академии таҳсилот ба забони русӣ фаъолият доранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст






