Таҷҳизоти варзишӣ ба клуби «Муҳорибаи тан ба тан»
Хоруғ, 2 январ. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).- Дар арафаи соли нав клуби навтаъсиси «Муҳорибаи тан ба тан»-и шаҳри Хоруғ соҳиби таҷҳизоти варзишӣ гардид. Клуби «Муҳорибаи тан ба тан» соли равон таъсис ёфта, гомҳои нахустинашро дар шоҳроҳи васеи варзиш мегузорад. Аз ин рӯ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва ташкилотҳои байналмиллаливу ҷамъиятии мустақар дар маркази вилоят тасмим гирифтаанд ин клубро дастгирӣ намоянд. Ба намояндагӣ аз номи «Барномаи рушди манотиқи куҳистон» Перӯз Фидоев ба мураббии клуби «Муҳорибаи тан ба тан» Амран Мусиев таҷҳизоти варзишӣ туҳфа намуда, изҳори умедворӣ кард, ки дар оянда тарбиятгирандагони клуб номбардори шарафи варзишии на танҳо шаҳри Хоруғ, балки Тоҷикистон мегарданд. Ин намуди варзиш агарчи ҷавон бошад ҳам, наврасони зиёде ба он машғуланд. Мусобиқаи нахустин аз рӯи муҳорибаи тан ба тан бо дастгирии раёсати Агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии назди Президенти кишвар дар моҳи ноябр баргузор гардид, ки варзишгарони ҷавон аз худ маҳорату лаёқати хуб нишон доданд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






