Таҷлили иди касбии кормандони гумрук
Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 22 январ кормандони гумруки Тоҷикистон иди касбиашонро таҷлил намуданд. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе бахшида ба 22 – солагии рӯзи таъсисёбии Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҷаласаи ботантана баргузор шуд. Дар ҷаласа ба кормандони фаъоли гумрук барои иҷрои хушсифату поквиҷдононаи вазифаҳояшон, ҳамчунин саҳми калони шахсиашон ба ҳифзи манофеи иқтисодии давлат ифтихорномаҳо супурда шуданд.Имрӯз Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба такмили бахши даромади Буҷети давлат ва барои таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон вазифаҳои мураккабро анҷом дода, ба самтҳои иҷтимоию иқтисодии рушди кишвар таъсири мусбат мерасонад.Фаъолияти мақомоти гумруки кишвар иборат аз мубориза бо қочоқгарӣ ва вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқи оташфишон, лавозимоти ҳарбӣ, аз марзи кишвар баровардани осори таърихию фарҳангии халқҳо, назорати ихроҷи амволи муҳими стратегӣ ва ғайра мебошад.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






