Таҷлили иди касбии кормандони гумрук

Январь 23, 2014 13:04

Душанбе, 23 январ. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 22 январ кормандони гумруки Тоҷикистон иди касбиашонро таҷлил намуданд. Ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе бахшида ба 22 – солагии рӯзи таъсисёбии Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҷаласаи ботантана баргузор шуд. Дар ҷаласа ба кормандони фаъоли гумрук барои иҷрои хушсифату поквиҷдононаи вазифаҳояшон, ҳамчунин саҳми калони шахсиашон ба ҳифзи манофеи иқтисодии давлат ифтихорномаҳо супурда шуданд.Имрӯз Хадамоти гумруки Тоҷикистон ба такмили бахши даромади Буҷети давлат ва барои таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон вазифаҳои мураккабро анҷом дода, ба самтҳои иҷтимоию иқтисодии рушди кишвар таъсири мусбат мерасонад.Фаъолияти мақомоти гумруки кишвар иборат аз мубориза бо қочоқгарӣ ва вайрон кардани қоидаҳои гумрукӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқи оташфишон, лавозимоти ҳарбӣ, аз марзи кишвар баровардани осори таърихию фарҳангии халқҳо, назорати ихроҷи амволи муҳими стратегӣ ва ғайра мебошад.

Январь 23, 2014 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш