Таҷлили рӯзи рахнаи муҳосираи Ленингард
Душанбе, 29.01.2014. (АМИТ «Ховар», Анна Мошенко).- 27 январ дар Маркази илму фарҳанги Русия воқеъ дар шаҳри Душанбе бахшида ба 70 – солагии рахнаи муҳосираи Ленинград чорабинӣ таҳти унвони «Рӯзи аз муҳосираи қӯшунҳои фашистӣ пурра озод гардидани шаҳри Ленинград» баргузор гардид.
Иштирокдорон ва меҳмонони ин чорабинӣ як дақиқа хомӯш истода, хотираи ҳалокшудагони мудофиаи қаҳрамононаи Ленинградро ёд карданд.
Роҳбари Маркази илму фарҳанги Русия дар Тоҷикистон Владислав Курнушко меҳмононро табрик намуд. Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷангу меҳнат Раҳмат Қудратов ба Сафорати Русия дар Тоҷикистон ва Намояндагии ҳамкории Русия дар ҶТ изҳори миннатдорӣ кард.
Директори Пажӯҳишгоҳи тадқиқоти АвруОсиё Галина Назарова зимни суханрониаш зикр намуд, ки моҳи апрел дар ҳамаи кишварҳои ИДМ мизҳои мудаввар таҳти унвони «Ғалабаи ягонагӣ» доир мегарданд.
Дар анҷоми ин чорабинӣ собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва иштирокчии муҳосира Олег Соболев дар бораи муҳосираи Ленинград ва корнамоиҳои сокинони ин шаҳр нақл кард.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






