Тафтиши парвандаи хоҳарон Араловаҳо идома меёбад
Душанбе, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Екатерина Пасторова).- Мувофиқи суханони муовини аввали Вазири корҳои дохилии ҶТ Абдураҳмон Бузмаков, аз рӯи ҳодисаи бедарак шудани хоҳарон Араловаҳо мутобиқи моддаи «Одамрабоӣ» парвандаи ҷиноӣ кушода шудааст.
Абдураҳмон Бузмаков дар ҷараёни нишасти матбуотӣ гуфт, ки тафтишот идома дошта, ҳамаи ниҳодҳои мақомоти ҳифзи хуқуқ барои пайдо намудани хоҳарон фаъолият доранд.
Мавсуф ҳамчунин хабар дод, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рӯи ин ҳодиса якчанд фарзия дошта, ҳар кадоми онҳо муфассал тафтиш карда мешавад.
Назар ба маълумоти Раёсати ҷустуҷӯи ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии ҶТ, аз оғози солҳои 90 — ум дар ҷумҳурӣ беш аз 890 кас бедарак шуда, то имрӯз 614 нафари онҳо пайдо гардидаанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






