Тахмини БМТ дар бораи сатҳи таваррум дар соли 2014

Январь 30, 2014 11:48

Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар», Екатерина  Пасторова).- «Фикр  мекунам, ки   имсол   сатҳи  таваррум  дар  доираи 7,5  фоиз   нигоҳ дошта  мешавад»,  —  гуфт  раиси Бонки  миллии  Тоҷикистон  Абдуҷаббор  Ширинов дар  нишасти  матбуотӣ.
 
Мавсуф   зикр  намуд, ки  мутобиқи  тамоюли  ҷаҳонӣ  вазъи  иқтисодиёт  умуман   муътадил  гардида,  дар  кишварҳои  Осиёи  Марказӣ  то  4  фоиз  баланд шудани  сатҳи он  дар  назар  аст. 
 
«Ин  тамоюл ба  нақшаҳои  мо  дар  мавриди таваррум  низ  таъсир  мерасонад. Мо бо  назардошти  тахминоти  ниҳодҳои  молиявии  ҷаҳонӣ   меъёри  таварруми  кишварро  дар  доираи  7,5  фоиз  муайян  намудем. Фикр  мекунам, ки  бо  назардошти  ба таври назаррас  вусъат  ёфтани  суръати  рушди  иқтисодиёт  чунин  пешбинӣ  қобили  қабул  аст»,  —  гуфт Абдуҷаббор  Ширинов.
 
 
 

Январь 30, 2014 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш