Тайёрӣ барои дарёфти Ҷоми Иттиҳод

Январь 7, 2014 11:55

Душанбе, 7 январ. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров).- Назар ба хабари Федератсияи футболи Тоҷикистон, 6 январ дар шаҳри Душанбе давраи машқҳои дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-21), ки ба дарёфти Ҷоми Иттиҳод – 2014 дар шаҳри Санкт – Петербург тайёрӣ мебинад, оғоз ёфт.Мураббии дастаи мунтахаб М.Ҳабибуллоев 26 нафар бозингаронро ба ин машқҳо даъват намудааст. Дар ҳайати дастаи мунтахаб баъзе тағйирот ба миён омадааст.Дастаи мунтахаби ҷавонон дар марҳалаи дуюми машқҳо, ки то 19 январ давом мекунанд, 12 ва 18 январ бо клубҳои мунтахаби Тоҷикистон қувваозмоӣ менамояд.Хотирнишон месозем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гуруҳи «А» 24 январ бо дастаи мунтахаби Эстония, 25 январ бо дастаи Қирғизистон ва 27 январ бо дастаи мунтахаби Украина вомехӯрад.

Январь 7, 2014 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш