Таъкиди Сарвазир ба вусъати корҳои таҷлили 3000-солагии Ҳисор
Душанбе, 30.01.2014. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Имрўз дар ҳузури Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукоти таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор баргузор шуд.
Дар ҷаласа оид ба рафти омодагиҳо, аз ҷумла раванди пешбурди корҳои сохтмонӣ, таъмиру азнавсозӣ, ободонӣ ва сабзу харрамнамоӣ ҳисоботи аъзои кумитаи тадорукот, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ва роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Ҳисор шунида шуд.
Тавре таъкид карда шуд, имрўзҳо дар қаламрави ноҳия корҳои ободонию бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, дар аксар иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ бо маром ҷараён дорад ва дар қисми дигари иншооти пешбинишуда корҳои лоиҳакашию ба нақшагирӣ шурўъ гардидааст.
Сарвазири мамлакат бо дарназардошти аҳамияти таърихии таҷлили ҷашни 3000-солагии Ҳисор таъкид кард, ки таҷлили ин санаи таърихӣ аз як чониб воситаи муаррифии бештари таърихи куҳан доштани ин сарзамин бошад, аз ҷониби дигар омили хуби таъмини пешрафт ва рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия ба ҳисоб меравад.
Бо ин мақсад дар фурсати кўтоҳ барои дар феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО ворид кардани мавзеъҳои таърихии Ҳисор ва дар доираи чорабиниҳои ин созмони муътабари ҷаҳонӣ таҷлил кардани ҷашни 3000-солагии он зарур шуморида шуд.
Қоҳир Расулзода аъзои кумитаи тадорукотро вазифадор кард, ки ҷиҳати саривақт мусоидат намудан ба корҳои сохтмонӣ, таҳияи лоиҳаи таҷдид ва азнавсозии роҳи марказӣ ва роҳҳои маҳаллии ноҳия, ҷудо намудани қитъаҳои замин барои бунёди иншооти пешбинишуда, беҳдошти шабакаҳои обу корезӣ, фароҳам овардани шароити зарурии таъминоти обӣ нўшокӣ ва нерўи барқ тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ намоянд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






