Таклифҳои мардум ба инобат гирифта шуданд
Душанбе, 14 январ. (АМИТ «Ховар», Ситора Раҷабова).-Ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари арзу дархостҳо инчунин пешниҳодҳо низ ворид мегарданд. Дар соли гузашта тамоюли вуруди таклифҳо зиёд шуда, нисбат ба соли 2012-ум 27 дарсадро ташкил намуд.Омӯзиши мазмуну моҳияти таклифҳои пешниҳодгардидаи шаҳрвандон нишон дод, ки аксаран онҳо ба боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, инчунин ворид намудани тағийроту иловаҳо ба қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ равона шудаанд.Он таклифҳое, ки мазмуну моҳияташон ба қонунҳои амалкунанда мухолиф набуданд аз ҷониби бахшҳои мушовирони давлатӣ ва шӯъбаҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми амалӣ кардани фаъолияташон худ ба инобат гирифта, дар амал татбиқ шуданд.








БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд






