Талаботи баланд ба хониши донишҷӯён
Душанбе, 31.01.2014. («АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дар соли 2013 аввалин гуруҳи мутахассисони ҷавон аз рӯи ихтисоси «Математикаи амалӣ ва информатика» филиали моро хатм намуда, соҳиби дипломи бакалаври ин ихтисос гардиданд,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Абдулҳамид Нозимов.
Ҳоло дар филиал аз рӯи шаш равия дар 24 гуруҳи академӣ 494 мутахассис омода мегардад, ки ин мутахассисони математикаи амалӣ ва информатика, муносибатҳои байналхалкӣ, геология, идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, лингвистика ва химия, физика ва механикаи мавод (нанотехнология) мебошанд. Дар давоми соли 2013 бо сабабҳои гуногун 58 нафар донишҷӯ аз филиал хориҷ шуд, ки ин ҳам шаҳодати талаботи баланд ба хониши донишҷӯён дар филиал мебошад.
Низомномаи филиал аз нав дида баромада шуда, ба он барои беҳтар намудани сифати таълим ва истифодаи бештари имконоти Донишгоҳи Маскав дар ин самти фаъолияти филиал тағйирот ворид мегардад. Барои баланд бардоштани савияи донишазхудкунии ҷавонон устодони беҳтарини Тоҷикистон , ки унвони илмӣ ва таҷрибаю малакаи бой доранд, ҷиҳати таълим ба филиал ҷалб мешаванд. Барои таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва грантҳо таваҷҷуҳи хосса дода, ҷиҳати пайдо намудани маблағҳои ғайрибуҷавӣ барои хариди таҷҳизот ва васоити техникии таълимӣ муносибатҳоро бо сафоратхонаҳо, ташкилотҳои байналмиллалӣ васеъ менамоем,- иброз дошт профессор Абдулҳамид Нозимов.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






