Талаботи баланд ба хониши донишҷӯён

Январь 31, 2014 15:15

Душанбе, 31.01.2014. («АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллоева).-Дар соли 2013 аввалин гуруҳи мутахассисони ҷавон   аз рӯи ихтисоси «Математикаи амалӣ ва информатика» филиали моро хатм намуда, соҳиби дипломи бакалаври ин ихтисос гардиданд,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Абдулҳамид Нозимов. 
Ҳоло дар филиал аз рӯи шаш равия  дар 24 гуруҳи академӣ 494 мутахассис  омода мегардад, ки ин мутахассисони математикаи амалӣ ва информатика, муносибатҳои байналхалкӣ, геология, идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ, лингвистика ва химия, физика ва механикаи мавод (нанотехнология) мебошанд. Дар давоми соли 2013 бо сабабҳои гуногун 58 нафар донишҷӯ аз филиал хориҷ шуд, ки ин ҳам шаҳодати талаботи баланд ба хониши донишҷӯён дар филиал мебошад. 
 
Низомномаи филиал аз нав дида баромада шуда, ба он барои беҳтар намудани сифати таълим ва истифодаи бештари имконоти Донишгоҳи Маскав дар ин самти фаъолияти филиал тағйирот ворид мегардад. Барои баланд бардоштани савияи донишазхудкунии ҷавонон устодони беҳтарини Тоҷикистон , ки унвони илмӣ ва таҷрибаю малакаи бой доранд, ҷиҳати таълим ба филиал ҷалб  мешаванд. Барои таҳия ва татбиқи барномаҳои сармоягузорӣ ва грантҳо таваҷҷуҳи хосса дода, ҷиҳати пайдо намудани маблағҳои ғайрибуҷавӣ барои хариди таҷҳизот ва васоити техникии таълимӣ муносибатҳоро бо сафоратхонаҳо, ташкилотҳои байналмиллалӣ васеъ менамоем,- иброз дошт профессор Абдулҳамид Нозимов. 

Январь 31, 2014 15:15

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд