Тамдиди муҳлати озмуни роҳбаладони «Ҳаҷ- 2014»
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим). — Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни қабули роҳбаладон барои мавсими «Ҳаҷ-2014»-ро то 25-уми январ тамдид намуд. Ин дар ҳолест, ки озмун 25-уми декабри соли гузашта оғоз ёфтаву бояд то имрӯз, 20-уми январ идома мекард. Ба нақл аз сомонаи расмии кумита (www.din.tj) тасмими тамдиди озмун барои дарёфти роҳбаладони сазовор дар мавсими «Ҳаҷ- 2014» гирифта шудааст. Дар сомонаи кумита омадааст: «Ҳар як довталаб аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки хоҳиши иштирок дар ин озмунро дорад, метавонад ҳуҷҷатҳои худро ба Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд. Аммо довталабони вилоятҳои Хатлон ва Суғд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба мақомоти вилоятии худ пешниҳод намоянд».Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ қабули довталабонро бо шартҳои зайл ба роҳ мондааст:синни аз 25 то 60, донистани забони арабӣ, на камтар аз як маротиба зоири хонаи Худо будан ва донистани маносики ҳаҷ. Барои сабти номи довталабони озмуни мавсими «Ҳаҷ-2014» нусхаи шиносномаи тоҷикӣ, варақаи шахсӣ, чор дона сурати 3х4. маълумотномаи тиббӣ. маълумотномаи ҷойи истиқомат. нусхаи шиносномаи хориҷӣ, бастаи ҳуҷҷатҳо ва як дона лифофа зарур аст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






