Таъмини шаффофият дар олимпиадаи вилоятӣ
Фархор, 25 январ. (АМИТ «Ховар», С. Холов).-Ба даври озмуни вилоятӣ дар ноҳияи Фархор аз фанҳои таъриху ҳуқуқ беш аз 360 нафар хонандагони синфҳои 10 ва 11 аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон роҳхат гирифтанд. Асомиддин Сафаров, сармутахассиси раёсати маорифи вилояти Хатлон вобаста ба ин мавзуъ гуфт, ки сол то сол дар кори гузаронидани озмуну олимпиадаҳо шаффофият таъмин мегардад ва беҳтарин хонандагон ба даврҳои минбаъда роҳхат гирифта, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Бино ба иттилои раёсати маорифи вилояти Хатлон то анҷоми таътили зимистонаи мактаббачагон аз рӯи нақшаи олимпиадаи вилоятӣ аз фанҳои дигар байни толибилмон гузаронида мешаванд ва ғолибон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






