Тарғиби зебоиҳои афсункори Душанбе

Январь 25, 2014 12:33

Душанбе, 25 январ. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар меҳмонхонаи «Серена»-и шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмуни «Сад расм, видеоролик ё слайди беҳтарини мавзеъҳои туристиву фарҳангии шаҳри Душанбе» доир гардид. Озмун бо мақсади ташвиқу тарғиби зебоиҳои афсункори шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар расми ифтитоҳи озмун намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва армуғонҳо барои сайёҳони хориҷӣ гузаронида шуд. Сипас маросими ҷоизасупорӣ барпо гардид ва ба ғолибон Диплом ва туҳфаҳо супорида шуданд.Ёдовар мешавем, ки ташаббускори озмуни мазкур Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе буд.

Январь 25, 2014 12:33

Хабарҳои дигари ин бахш