Тарозуҳои «фиребгар»-ро аз бозор бароварданд
Хоруғ, 28 январ. (АМИТ «Ховар», Файз Мирасан).-Кормандони бахши вилоятии «Тоҷикстандарт» дар ВМКБ ба хотири аз муомилот берун кардани молҳои пастсифат дар мағозаву бозорҳои шаҳр санҷиши муштарак анҷом доданд. Бино ба иттилои сардори Раёсати стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи вилоят Пайшанбе Абутуробов дар асоси арзу муроҷиати харидорон аз ҷониби ҳамкорони мо сифати тарозуҳо низ мавриди санҷиш қарор гирифтанд, зеро бештари тарозуҳое, ки аз кишвари Чин ба вилоят ворид мегарданд, ба меъёр мутобиқ нестанд. Ҳангоми санҷиш муайян гардид, ки баъзе тарозуҳо вазни маҳсулотро як баробар камтар нишон медиҳанд. Дар давоми чанд моҳи охир 5 ҳазору 501 адад васоити ченак дар бозору мағозаҳои шаҳру навоҳии вилоят санҷида шуда, як қисмашонро барои таъмир тавсия доданд ва қисми дигар комилан аз истифода бароварда шуданд.
Дар маҷмӯъ, бештар аз 500 мағозаву маркази тиҷоратӣ ва корхонаи хизматрасонӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд ва ва 222 ҳолати вайронкунии қонунгузорӣ ошкор гардида, соҳибонаш ҷарима шуданд.
Пайшанбе Абутуробов, сардори Раёсати стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи вилоят ҳамчунин гуфт, ки дар ҳамкорӣ бо кормандони ширкати барқии «Помир Энержи» 15 ҳазор адад ҳисобкунаки барқии электрониро, ки аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ба вилоят ворид гардидааст, аз назорати стандартӣ гузарониданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






