Тасарруфи 40 000 сомонӣ аз ҷониби ноболиғ
Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Сабоҳат Қадамова).- Кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат ноболиғеро дастгир карданд, ки ба тасарруфи 40 ҳазор сомонӣ муттаҳам мешавад.Тавре ки дар ин бора сомонаи Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар додааст, шаҳрванд Муҳаммадшариф Ғафуров, сокини шаҳри Ваҳдат ба ШКД-и шаҳр муроҷиат намудааст, ки чоруми декабри соли гузашта шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматиаш шуда, аз он ҷо маблағи пулӣ дар ҳаҷми 40,000 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Гуфта мешавад дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ бо гумони даст доштан ба далели дуздии мазкур ноболиғ Афзали Муқимзода, соли таваллудаш 1998, сокини ҳамин ноҳия дастгир шуд. Далели шайъӣ гирифта шуда, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






