Татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ

Январь 20, 2014 15:17

Душанбе, 20 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих ).- Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ ба манзури рушду беҳдошти системаҳои таъмини об ва санитария якчанд лоиҳаи инвеститсионӣ фаъолият дорад. Аз ҷумла, дар ҳошияҳои Лоиҳаи рушди инфрасохтори коммуналии маҳаллӣ корҳои сохтмонию барқарорсозии системаҳои таъмини оби шаҳрҳо ва марказҳои ноҳияҳои Ваҳдат, Рашт, Кулоб, Данғара, Қӯрғонтеппа, Истаравшан ва Конибодом ба маблағи 16 милдлиону 500 ҳазор доллари ИМА иҷро гардидаанд.Дар асоси лоиҳаи мазкур 41 адад техникаи махсус, 790 контейнер барои ҷамъоварӣ ва интиқоли ахлот, ҳамчунин либоси корӣ барои кормандони муассисаҳои зертобеъ харидорӣ шудааст.Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» Алимурод Тағоймуродов дар нишасти матбуоти аз рӯи натиҷаи фаъолият дар соли 2013 дар ин бора хабар дод. 

Январь 20, 2014 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд