Тоҷикистон-Қирғизистон: 2-2

Январь 27, 2014 08:41

Душанбе, 27 январ. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).-Аъзои дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бозии худро дар дидори дуюм бо дастаи мунтахаби ҷавонони Қирғизистон дар Ҷоми Иттиҳод-2014, ки дирӯз доир гардид, мусовӣ: 2-2 анҷом дод.Тавре ки дар ин бора сомонаи Федератсияи футболи кишвар хабар додааст, бозиҳои гурӯҳи “А”, ки дастаи мунтахаби кишвар дар ин гуруҳ шомил аст, шуруъ аз 25-уми январи соли равон дар Маҷмааи варзишию фарҳангии “Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷараён доранд.Ёдрас мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони то 21-солаи Тоҷикистон 24-уми январ дидори нахустинашро дар Ҷоми Иттиҳод-2014 бо тими Эстония бо ҳисоби 2-2 анҷом дода буд. Акнун дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гуруҳи худ бо гирифтани 2 имтиёз дар ҷойи дуюм, баъд аз Украина қарор дорад. Дастаи мунтахаби Эстония ва Қирғизистон бо гирифтани як имтиёзӣ дар зинаҳои сеюм ва чаҳорум қарор доранд.Дидори навбатӣ ва охирини дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи А рӯзи 27-уми январ бо дастаи Украина баргузор мешавад.

Январь 27, 2014 08:41

Хабарҳои дигари ин бахш