Тоҷикистон дар СҲШ: субот ва шукуфоӣ
Душанбе, 13 январ. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Ба ифтихори раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) аз соли 2013 то соли 2014 китоби директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ Худобердӣ Холиқназаров «Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай: субот ва шукуфоӣ» таҳия ва ба матбуот супурда шуда буд. Ҳамчунин китоби муовини директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Сайфулло Сафаров «Ҳифзи манфиатҳои миллию давлатӣ» барои чоп таҳия шудааст. Дар нишасти матбуотӣ аз рӯи натиҷаи фаъолият тайи соли 2013, ки имрӯз, 13 январ, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ баргузор гардид, дар ин бора сухан ронда шуд.Соли 2013 маркази мазкур фаъолияти самарабахши таҳририю нашаротиро анҷом дода, чор шумораи нашрияи он маҷаллаи илмии «Тоҷикистон ва ҷаҳони муосир» аз чоп баромад, ки дар он 38 мақолаи илмӣ аз рӯи масоили мубрами иқтисодӣ ва дохилию хориҷии сиёсӣ интишор гардидааст. Ҳамчунин 4 шумораи маҷаллаи илмию публисистии «Набзи замон» иборат аз 1000 нусха аз чоп баромада, барои истифодаи хидматӣ дар байни 75 сохтори давлатӣ тақсим шудаанд. Ҳамзамон ҷилди даҳуми китоби Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёӣ миллӣ» ба забони русӣ тарҷума шуд. Ғайр аз ин 4 китоби Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён» ба забонҳои русию англисӣ тарҷума шудаанд. Дар нишасти матбуотӣ ҳамкориҳои байналмилалии Маркази тадқиқоти стратегӣ низ қайд гардид. Маркази мазкур созишномаҳои ҳамкориро бо як қатор марказҳои тадқиқотии Олмон, Русия, Чин, Ҳиндустон, Афғонистон, Эрон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Литва имзо намуд. Соли 2013 Маркази тадқиқоти стратегӣ бо чунин марказҳои СҲШ ва барномаҳои мухталифи СММ, САҲА ва СААД фаъолона ҳамкорӣ дошт.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






